
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Маҳрам-1», ки аз калонтарин пойгоҳҳои обкашист, шинос гардид.
Пойгоҳи обкашии «Маҳрам-1» соли 1975 ба истифода дода шуда, тавассути он беш аз 4 ҳазор гектар заминҳои деҳоти Конибодом бо оби полезӣ таъмин карда мешавад. Соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои пойгоҳи обкашӣ муҳаррику таҷҳизоти нав харидорӣ гардид, ки дар натиҷа фаъолияти иншооти обрасон беҳтар карда шуд. Айни замон пойгоҳи обкашӣ фаъол буда, барои шободсозии заминҳои кишт хизмат мерсонад.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи инфрасохтори соҳаи обрасонӣ дар соли ҷорӣ маблағҳои зарурӣ равона карда шуда, хоҷагиҳои деҳқонӣ бо об таъмин мебошанд. Ин аст, ки аҳли меҳнати ноҳия зироатҳои гуногунро кишт намуда, парвариш намуда истодаанд. Аз ҷумла, нақшаи кишти пахта дар ноҳия сад дарсад иҷро шуда, 5692 гектар пахта кишт гардид.








