Маросими кушодашавии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ

13 октябри соли 2023 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарият ва намояндагони Федератсияи байналмилалии гӯштини камарбандӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи гӯштини камарбандии Тоҷикистон, варзишгарони кишварҳои гуногун иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ варзишгарон - парчамбардорони Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ва меҳмононро аз ҷумҳуриҳои дўсту бародари Ўзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Руминия, Гурҷистон, Муғулистон, Беларус, Ҳиндустон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, Замбия, Колумбия, Нигерия, Миср, Молдова, Украина ва Марокаш хайрамақдам гуфта, ба варзишгарон дастоварду муваффақиятҳои шоиста таманно намуд.

Шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ шинос гардид.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи​ Исмоили Сомонии ноҳия аз ҷониби соҳибкорон марказҳои савдову хизматрасонӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, мағозаҳои хурду калон сохта мешавад.

Иншооти бунёдгардида дорои тарҳу намои зебо буда, ҳар кадоме аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Соҳибкорони бонангу номуси деҳаи Хуҷаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи​ Исмоили Сомонӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллат​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, кӯшиш доранд, ки дар ободии маҳал​ саҳмгузор бошанд.

Ба 60 нафар занони ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуд

11 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 60 нафар занону бонувони ҳунарманд барои тавсеаи фаъолияташон грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро супорид.

Раиси ​ вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбарт таъкид​ намуд, ки бо дастгириҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа баланд бардошта шуда, имрӯз занону бонувон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ фаъолияти назаррас доранд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳибкории хурду миёна таваҷҷуҳи хоса равона гардида, занону бонувони эҷодкор, ташаббускору созанда пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҷудо гардидани грантҳои Президентӣ имкон фароҳам овард, ки занону бонувон дар амалӣ шудани нақшаву иқдомҳои созанда ба дастовардҳои бештар ноил гарданд. Соли равон 18 нафар занону бонувони вилояти Суғд бо пешниҳод намудани лоиҳаҳои худ сазовори грантҳои Президентӣ гардиданд. Дар пайрави ба сиёсати созандаву оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд гранти Раиси вилоят таъсис дода шуда, давоми солхои 2010-2022 наздик 4 миллион сомонӣ грант ба занону бонувони ҳунарманд супорида шуда, ин иқдом ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону духтарон ба омӯзиши ҳунар, рушди соҳаҳои мухталиф замина фароҳам овард.

Боздид аз КВД комуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд»

Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар ин самт лоиҳаи соҳавӣ татбиқ карда мешавад.​

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосирро дар КВД комуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.​

Зимни шиносоӣ ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни замон татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» ҷараён дошта, то ин марҳила беш аз 50 дарсади корҳо ба сомон расонида шудааст. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ гашта, зиёда аз 100 адад автобуси мусофиркашон ворид гардида, системаи пардохти корти нақлиётӣ ба кор андохта шудааст.​

Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 9 моҳи соли 2023

10 октябри соли 2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаъолони вилоят доир гардида,​ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят​ дар 9 моҳи соли 2023 мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар ҷаласа муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссарони ҳарбии вилоят ва​ шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо,​ сардухтурони шаҳру ноҳияҳо,​ роҳбарони корхонаҳои калон ва дигар шахсони зарурӣ иштирок доштанд.