Дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд

Бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ бо маҳсулоти нисбатан арзон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рӯзи шанбеи 16 сентябр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд.

Дар ярмарка аз ҷониби кишоварзон ва корхонаҳои саноати хӯрокворӣ маводи ғизоӣ нисбат бо нархҳои бозор то 30 дарсад арзон пешниҳод гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи мазкур боздид карда, ҳадаф аз ташкили чунин ярмаркаҳоро таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ арзёбӣ кард. Таъкид карда шуд, ки ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳар ҳафта ташкил мешавад ва сокинон бо қаноатмандӣ ашёи зарурии худро харидорӣ мекунанд.

Кормандони ташкилоту идораҳо ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд

Имрӯз, 16 сентябр беш аз 500 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳунар, молия, адибону собиқадорон бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои расонидани ёрии амалӣ ба ҳашари пахтачинӣ рафтанд.

Ҳашарчиён давоми рӯз дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пахта чида, дар ҷамъоварии ҳосил ба деҳқонон ёрии худро расониданд.

Раиси вилоят зимни иштирок дар ҳашари пахтачинӣ ба масъулин дастур дод, ки рӯзҳои офтобиро пурсамар истифода бурда, ҳосили бо арақи ҷабин руёнидаи пахтакоронро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки имрӯз кормандони соҳаҳои гуногун ба кӯмаки кишоварзон омадаанд то дар рӯзи истироҳатӣ саҳми худро дар ғунучини пахта гузоранд.

Аёдати маъюби гуруҳи дуюм ва собиқадори меҳнат дар ноҳияи Ашт

15 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт​ Раҳимқулов Одилҷонро, ки маъюби гуруҳи дуюм аст, аёдат кард.

Мавсуф​ 19 майи соли 1970 таваллуд шуда,​ соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз кӯмакҳои иҷтимоии давлатӣ бархурдор аст. Аз ҷониби роҳбари вилоят ба ин оила кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Раиси вилоят ҳамзамон аз ҳоли собиқадори меҳнат​ Соҳибназаров Баҳоваддин хабар гирифт. Номбурда соли 1943 дар деҳаи Ашт ба дунё омада, соли 1960 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Умари Хайёмро хатм намудааст.

Соли 1964 ба институти педагогии шаҳри Ленинобод​ дохил шуда, соли 1970 онро​ хатм намудааст. Аз соли 1970 то соли 1999 дар​ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ба ҳайси омӯзгор кор намудааст.​ Хизматҳои ӯ​ борҳо бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардидааст.

Ифтитоҳи синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт

15 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ дар Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт дар маросими баистифодадиҳии бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақми 52 иштирок намуд.​

Бинои иловагии мактаб аз 6 синфхона барои 200 хонанда, ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, синфхонаи компютерӣ иборат буда, корҳои сохтмонии он моҳи сентябри соли 2022 оғоз ёфта буд. Синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии соҳибкорону саховатмандон бунёд гардида, мушкили норасоии ҷой дар мактаб бартараф карда шуд.​

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои саҳми назарраси ташаббускорони ин иқдом изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамасола дар саросари вилоят даҳҳои иншооти соҳаи маориф ба истифода мешавад.​

Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ашт

15 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо рафти ҷамъоварии ҳосили пахта шинос шуд.

Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии «Суҷҷа» боздид карда, зимни суҳбат бо пахтакорон қайд намуд, ки​ вақтро ғанимат дониста, барои ҳарчи тезтар ҷамъоварӣ намудани ҳосил, ки бо заҳмати зиёд рўёнида​ шудааст, кўшиш ба харҷ диҳанд.​ Дар баробари сафарбаркунии чинакчиёну ёрдамчиён ба ғунучини пахта ҳавасмандкунии моддию маънавии онҳо низ бояд дар маркази таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти ноҳия​ ва хоҷагии деҳқонӣ қарор дода шавад.

Хоҷагии деҳқонии «Суҷҷа»​ соли 2009 таъсис ёфта, дар он 25 саҳмдор фаъолият мебаранд. Майдони умумии хоҷагӣ 65 га буда, дар он асосан пахтаи навъи «Дӯстӣ» ва ​ зироати полезӣ кишт карда мешавад. Солҳои охир истеҳсоли пахта аз 1 га ба ҳисоби миёна то ба 35 сентнер расонида шудааст.​ Дар соли ҷорӣ саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Суҷҷа” азм намудаанд, ки истеҳсоли пахтаро зиёд намуда, аз ҳар гектар замин то ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ «тиллои сафед» руёнанд.