Бинои шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан паз аз таъмиру бозсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими баистифодадиҳии иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида, бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳр суҳбат намуд. Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи тиб иброз дошт, ки давлат барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
Бино ба иттилои масъулин шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан дорои 50 кат буда, соли 1965 сохта шудааст. Бинои мазкур то имрӯз таъмири асосӣ нашуда буд ва бо назардошти ин ба азнавсозӣ фаро гирифта шуд.



Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини директори генералии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” Ли Ҷумин мулоқот намуд.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мураббиёну ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд» доир гардид.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
8 майи соли 2023 бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд, чорабинӣ доир гардид.
