2 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқиловро аёдат намуда, мавсуфро ба муносибати зодрӯзаш табрик кард.
Таъкид карда шуд, ки Оқил Оқилов дар тӯли умри бобаракат ва фаъолияти гуногунҷабҳаи ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Ватани маҳбубамон нақши назаррас гузоштааст.
Зиндагинома, кору пайкор, дониш, малака ва маҳорати Оқил Оқилов барин фарзандони садоқатманди Ватан, ки аз мактаби бузурги ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, барои ҳамагон ва махсусан насли ҷавони ояндасоз мактаби омӯзиш аст.