5 январ дар толори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ва Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов бо интихобкунандагон роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оғоз ёфт. Роҳбари шаҳр изҳор дошт, ки ҳамасола бо мушаххас намудани нақшаву барнома ва вазиҳои мақомоти давлатӣ дар рушди босуботи Тоҷикистон ҳамчун роҳнамои ҳаёти босаодат ва ҳуҷҷати барномавӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад.



3 январи соли 2023 дар толори Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Мадина Набизода - сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор гардид.
3 январи соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Абдуҷаббор ва Муҷибахон Ҷавҳарӣ, инчунин таблиғотчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов, Мавлуда Шарифзода ва Муҳаммадҷон Шарифов доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Паём-роҳнамои мост!" бо фаъолони шаҳр мулоқоти судманд баргузор гардид.
