Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи вилоятии «Бедории маънавӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон» ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирии шомилшвии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ бахшида шуд. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд хабар доданд.
Зикр гардид, ки 23 декабри соли 2022 Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар дар вазъияте ироа гардид, ки фазои имрӯзаи ҷаҳони муосир хеле мураккаб ва пешгӯинашаванда боқӣ мемонад. Имрӯзҳо ташкилоти экстремистиву террористӣ бо тарзу усули муосири фаъолият ба амнияти кишварҳои ҷаҳон таҳдид доранд ва ҳатто тавонистанд дар аксар маврид ба иҷрои нақшаҳои разилонаи худ муваффақ бошанд.



4 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Спитамен чорабинии «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд.
