Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маҳаллаи Сайҳуни шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъул бинои нави Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуд.
Бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шуда, аз таҳхона ва 5 ошёна иборат аст.



Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии “Афсона” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Мутобиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 – уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.
