Суғд: Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон гузаронида мешавад

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд аз 5 январи соли 2023, №09 «Дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» ба имзо расид.

Озмуни мазкур бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас эълон гардида, дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, куҳкорӣ, техникаву технология ва илмҳои табиатшиносӣ доир хоҳад шуд.

Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2022 ба 15 млрд. 618 млн. сомонӣ расонида шуд

Кишоварзони вилояти Суғд соли 2022-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.

Дар соли 2022 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 15 млрд. 618 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ба 112 фоизи нишондиҳандаи соли қаблӣ баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 11 млрд. 120 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 4 млрд. 498 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 19,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 111,4 , 113,5 ва 100,7 фоиз таъмин гардидааст.    

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 24 миллиард сомонӣ баробар шуд

Cоли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 24 млрд 186 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 3 млрд 676 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,0 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар соли 2022 ба миқдори 1 млн 295 ҳазор тонна семент ва 1 млн 890 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон, дар ин давра бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 2 ҳазору 535 тонна калоба ва 7 млн 824 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.     

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш