Баргузории чорабинии «Корвони саломатӣ» дар шаҳри Бӯстон

Аз ҷониби табибони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон чорабинии «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд.

Табибон бо истифода аз нақлиётҳои махсуси сайёри дорои таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ, кардиологӣ сокинони шаҳри Бӯстонро муоина намуда, тавсияҳо доданд.

«Паём — сарчашмаи маърифат ва зиндагии шоиста». Таҳти чунин унвон дар Хуҷанд конференсияи илмию назариявӣ доир шуд

Дар конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Паём – сарчашмаи маърифат ва зиндагии шоиста», ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, вобаста ба аҳамияти бузурги стратегии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду такомули давлатдории миллӣ, пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, дастовардҳо дар самту соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, рушду такомули фарҳангу маънавиёт ва амсоли инҳо ибрози назар карда шуд.

Конференсия бо ибтикори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд баргузор шуда, иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Паём ва масъалаҳои рушди устувори Тоҷикистон», «Паём – башорат ба фардои дурахшон», «Паём ва масъалаҳои маърифатнокии ҷомеа» маърӯза намуданд.

Тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд

Бо қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз 16 январи соли 2023, №17 Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, ба имзо расид.

Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба таъмини иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда аз 54 банд иборат буда, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазифадор шудаанд, ки барои таъмини иҷрои нақша тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш