Шукӯҳу тантанаи гирду атрофи Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд беҳудуд буд. Дар маросими савгандёдкунии наваскароне, ки дар даъвати баҳорӣ ба хизмати Модар – Ватан ихтиёрӣ номнавис шудаанд, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, комиссари ҳарбии вилоят Мирзозода Давлатшоҳ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода роҳбарият ва афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва падару модарон иштирок ва шоҳиди савгандёдкунии наваскарон шуданд. Чорабинӣ дар фазои меҳру муҳаббати ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ҷараён гирифта, наваскарон матни савганди ҳарбиро бо ифтихори баланд қироат намуданд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода бо сухани табрикӣ баромад намуда, ба наваскарон дар адои иҷрои қарзи ҷавонмардӣ сарбаландиву комёбӣ таманно намуд. Бояд иброз намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш ба хотири ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинони он содиқонаву ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.



25 майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Захираҳои обӣ дар ҷаҳони муосир: муаммо ва истифодаи самаранок» доир шуд. Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» ва эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид.
1 июни соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» -и маркази вилоят бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона доир мегардад.
