Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Исфара         

Дар  шаҳри Исфара ҷашни аҷдодӣ - иди Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Дар боғи ба номи Сайфи Исфарангии маркази шаҳр намоиши олоти кории деҳқонӣ ва техникаи кишоварзӣ, ниҳолу гулбуттаҳо, сабзавоту меваҳои шаҳдрез ва тухмии зироатҳо ташкил гардид, ки ифодагари  омодагии марди деҳқон ба фасли баҳор буд.

Маҳсули ҳунарҳои мардумии  ба намоиш гузошташудаи намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ аз завқи баланд, маҳорати беназир ва таърихи бойи косибиву ҳунармандӣ дар Исфара дарак медод.

Дар ноҳияи Айнӣ иди Садаро таҷлил намуданд

26 январи соли равон дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнӣ ҷашни Сада бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Зимни суханронии хеш раиси ноҳия Муқим Муродзода ҳамагонро бо ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод намуда, иброз дошт: "Ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегарданд. Воқеан, ҷашни Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром гузоштан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат мебошад, ки аз ҷониби мардуми шарафманди тоҷик бо риояи тамоми суннату анъанаҳои хос иҷро мегардад".

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои соли 2002 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, аъзои кумиҷроия, вакилони маҷлисҳои вилоятии Маҷлиси вакилони халқ, собиқадорон, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш