Бо қарори Раиси вилояти Суғд Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026 тасдиқ гардид.
Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026 ҷиҳати рушди футбол ва фароҳам овардани шароити варзишӣ тасдиқ гардида, идомаи мантиқии Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021 маҳсуб меёбад. Барномаи мазкур дурнамо барои панҷ соли оянда ба ҳисоб рафта, он самтҳои асосии фаъолият, афзалиятҳо, вазифаҳо ва тартиби амалинамоии сиёсати давлатӣ дар соҳа ва роҳҳои амалисозии чорабиниҳои рушди футболро муайян менамояд.



8 март дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.
