НАМОИШГОҲИ «ПРОДЭКСПО-2023». Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба намоиш гузошта шуданд

ҶДММ «Экофрукт Исфара»-и Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо- «Продэкспо-2023» дар шаҳри Москва иштирок карда, намудҳои гуногуни хушкмеваҳои ин коргоҳро, ки бастубанд гардида, ба содирот нигаронида шудаанд, ба намоиш гузошт. Дар ин бора аз  Палатаи савдо ва саноати вилоят хабар доданд.

Дар  намоишгоҳ зиёда аз 2000 ширкат аз 35 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Беларус, Туркия, Федератсияи Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Чин  ва дигарон иштирок намуданд.

Рӯзҳои 22-24 июн Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» баргузор мегардад

Рӯзҳои 22-24 июни соли равон дар Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд аз 27 январи соли 2023 ба имзо расидааст.

Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷӣ ташкил гардида, дар доираи ярмарка гузаронидани форуми сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Тасдиқи Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026

Бо қарори Раиси вилояти Суғд​ Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026 тасдиқ гардид.

Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026 ҷиҳати рушди футбол ва фароҳам овардани шароити варзишӣ тасдиқ гардида, идомаи мантиқии​ Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021 маҳсуб меёбад. Барномаи мазкур дурнамо барои панҷ соли оянда ба ҳисоб рафта, он самтҳои асосии фаъолият, афзалиятҳо, вазифаҳо ва тартиби амалинамоии сиёсати давлатӣ дар соҳа ва роҳҳои амалисозии чорабиниҳои рушди футболро муайян менамояд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш