Ташрифи журналистони Ӯзбекистон ба вилояти Суғд

Аз 12 то 16 октябр ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Узбекистон бо сарварии раиси ин Иттифоқ Олимҷон Усаров аз Тоҷикистон боздид менамояд.

Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Узбекистон аз вилояти Суғд оғоз ёфт ва меҳмонон бо ҳамкасбони худ дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд млоқот намуданд.

Журналистони ӯзбек давоми рӯз аз Идораи телевизион ва радиои вилоят ва Минтақаи озоди иқтисодии Суғд, инчунин шаҳри Гулистон боздид мекунанд.

То имрўз дар Суғд 83236 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дошта, ба ҳолати 11 октябр нақшаи истеҳсоли пахта 62,2 фоиз иҷро шудааст.

Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят ҳамарӯза дар навоҳии пахтакор 3060 тонна пахта чида шуда, аз аввали мавсим 83236,5 тонна "тиллои сафед" ба хирман супорида шудааст.

Суғд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 17,1 млрд сомонӣ баробар шуд

Дар 9 моҳи соли 2022 дар вилояти Суғд ба маблағи 17 млрд. 141,0 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 122,0 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба миқдори 1004,9 ҳазор тонна семент ва 1396,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол гардид. Ҳамзамон, дар ин давра бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 1840,6 тонна калоба ва 5413,0 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш