Дар Арт-галерияи “Сомониён” бахшида ба сиюмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ озмун доир шуд

Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба сиюмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъияти “Сипари Сулҳ” дар толори Арт-галерияи “Сомониён”-и шаҳри Хуҷанд озмуни рассомии хонандагони мактабҳои санъат ва рассомии бачагона баргузор гардид.

Мусобиқаи вилоятӣ оид ба тирандозӣ таҳти унвони “Бонувони шуҷои Ватан” доир гардид

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 16 феврал дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба тирандозӣ таҳти унвони “Бонувони шуҷои Ватан” баргузор гардид.

САНО БОДО БА ЗАНҲОЕ, КИ МАРДАНД! - баргузории мизи мудаввар бо занон-хизматчиёни ҳарбии шаҳри Бӯстон

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори қисми ҳарбии 01972 дар мавзӯи «Саҳми зан-хизматчиёни ҳарбӣ дар 30 соли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш