Дастаи шаҳри Конибодом ғолиби даври вилоятии мусобиқаи ҳарбӣ - варзишии "Ватанпарвар" гардид

Дар асоси фармоиши Раёсати маорифи вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳисси ватандӯстӣ, такмили дӯстӣ байни хонандагон, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсисëбии Артиши миллӣ даври минтақавии озмуни вилоятии ҳарбӣ - варзишии "Ватанпарвар" баргузор шуд.

Нишасти 206‐умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” баргузор гардид

Нишасти 206‐умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бахшида ба Рӯзи байналмилалии забон дар толори Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки адибону олимон, устодон ва донишҷӯён, мухлисони каломи бадеъ баргузор гардид.
Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки санаи 21‐уми феврал ҷашн гирифта мешавад, муборакбод гуфт.

Дар Истаравшан гуруҳи корӣ бо аҳолӣ мулоқот баргузор намуд

Тибқи нақшаи тасдиқшуда дар шаҳри Истаравшан бо иштироки гуруҳи таблиғотии вилоятӣ дар ҳайати Хуршеда Хоҷазода-сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мавлуда Шарипова - собиқадори меҳнат, инчунин сардори шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шамсиддин Амаков ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Фируз Одиназода бо қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқот доир гардид.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш