5 июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо оид ба муборизаи дастҷамъона бар зидди хатарҳои замони муосир: терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин тақвият бахшидани ҳамкории минбаъдаи мақомоти корҳои дохилии ҳар ду мамлакат барои боздошти ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда, истифода аз малакаи касбии сохторҳои ташхиси криминалистӣ, тафтишоту таҳқиқ, хадамоту дастгоҳҳои фаврӣ ва алоқа баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пешгирӣ аз ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои замони муосир содир мешаванд, аз ҷумла азонихудкунии маблағҳо, бо роҳи тасарруфи маблағҳои электронии пулӣ, маблағгузорӣ ба шабакаҳои экстремистиву террористӣ аз мавзуъҳое буданд, ки ҳайати ду ҷониб барои ҳалли онҳо таваҷҷуҳ намуданд. Тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бо истифода аз имкониятҳои муассисаҳои олии таълимии ВКД Федератсияи Русия низ дар рафти мушовара баррасӣ гардид.



5 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил ва аз ҷониби Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) ҳамасола яке аз мавзуъҳои муҳими муҳити зист барои баргузор намудани тантанаҳои ҷашнӣ дар яке аз кишварҳои фаъол интихоб карда мешавад. Соли равон дар Кот-д'Ивуар таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳалли муаммоҳои ифлосшавӣ аз пластик бахшида мешавад.
Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пурра иҷро гардид.
