Дар ҳамоиши омодагии дифои ҳарбӣ кормандони комиссариати ҳарбӣ, омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ, устодону донишҷӯёни донишкадаю коллеҷҳо, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.
Тавре дар чорабинӣ таъкид карда шуд, мақсади баргузории ҳамоиш тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ дар ниҳоди наврасон, пешгирии гароиши ҷавонону наврасон ба зуҳуроти номатлуб, ҳидояти онон барои адои хидмат ба Ватан ва пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.



Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушод доир карда шуда, дар доираи он байни хатмкунандагон даври ниҳоии олимпиада баргузор гардид. Дар ин рӯз қариб 2000 хатмкунанда аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту ихтисос ва факултетҳои донишгоҳ дар Рӯзи дарҳои кушод иштироки фаъолона намуд.
Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври якуми озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” баргузор гардид.
