
Дирӯз бегоҳӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳодисаи фоҷиабор – садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа 10 нафар ҷони худро аз даст дода, чандин нафари дигар захм бардоштанд. Ин ҳодисаи нохуш боиси андӯҳи чандин хонавода гардид. Сокинони вилояти Суғд дар ин рӯзҳои вазнин ба хонаводаҳои ҳалокшудагони садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил мехоҳанд.






