Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмиллалӣ иштирок мекунанд

Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд санаи 19 июл ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанҳои дақиқ: математика ва технологияи иттилоотӣ ба шаҳри Франкфурти кишвари Олмон сафарбар карда шуданд.

Тибқи иттилоъи Сурайёхон Неъматзода - директори муассисаи давлатии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ин 6 нафар хонандагони Литсей Мамадҷонов Меҳроҷ, Маъсумова Фарина, Ҳасанов Сафархон, Саидаҳмадзода Салимбек, Аҳророва Ясминахон ва Неъматуллоев Акмалҷон, ки ҳамагӣ хонандаи синфи 9 мебошанд дар 3 даври олимпиадаи мазкур, ки моҳҳои феврал - июни соли ҷорӣ баргузор гардид, ғолиб омада ба даври финалии ин Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ роҳхат ба даст оварданд. Дар 3 даври ин олимпиадаи фаннӣ аз Тоҷикистон танҳо хонандагони ин Литсей роҳхат ба даст оварда, Тоҷикистонро дар ин сабқати зеҳнӣ муаррифӣ хоҳанд намуд.

Захираи маводи ғизоӣ барои тирамоҳу зимистон дар ноҳияи Зафаробод

Бахши кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захира намудани маводи хӯрока барои фасли зимистон ва дар асоси нақшаи – чорабинии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба консервакунони меваю сабзавотҳо барои зимистонгузаронӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Захираи маҳсулоти кишоварзиро барои гузаронидани давраи зимистон бонувони ноҳияи Зафаробод бо тарзу намудҳои гуногун анҷом медиҳанд. Маҳсулотҳо бо роҳи хушконидан ва ё дар шароити сардхона ба тавру тоза захира гардида, инчунин омода намудани афшураю шарбат ва хуришу мураббо ба миқдори зарурӣ барои фасли зимистон роҳандозӣ гардидааст. Дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод занон аз сабзавоти тару тозаи замини наздиҳавлигии худ истифода намуда, барои захираи зимистон консерваҳои гуногун омода намуда истодаанд.

Тақдими ду адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба муассисаҳои тиббии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ба муассисаҳои тиббии ноҳияи Ҷаббор Расулов ду адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.

Нақлиёти ёрии таъҷилӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ», ки таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ магардад, дастрас гардид.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш