Аёдати собиқадорони меҳнат бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Дар доираи чорабиниҳои марбут ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вилояти Суғд таҷлил мегардад, як қатор собиқадорони меҳнат аёдат карда шуданд.
Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят Музаффар Юнусов, раиси Созмони журналистони вилоят Илҳоми Ҷамолиён, котиби Созмони журналистони вилоят Карим Шариф, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" Аминҷон Шарифзода ба манзили зисти чанде аз собиқадорони соҳаи матбуот рафта, онҳоро аёдат ва тӯҳфаҳои идонаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро расониданд.

Дар ДДХ Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ифтитоҳ ёфт

Дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ифтитоҳ ёфт. Ин ташаббус ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ба вуқуъ пайваста, дар раванди иттилоотӣ-таҳлилии фаъолияти донишгоҳ рӯйдоди нек маҳсуб меёбад.
Маросими ифтитоҳи Марказ субҳи имрӯз бо иштироки ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, масъулини раёсат, собиқадорони соҳа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир шуд.

ФАТҲУ КУШОИШ ОРАД, ДАСТИ ДУОИ МОДАР! – ҳамоиши идонаи сокинони шаҳри Бӯстон дар маҷмааи “Дуои Модар”

Бо нишони арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои модарони тоҷик ва омодагиҳо ба истиқболи Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар саросари олам бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, дар маҷмааи “Дуои Модар” ҳамоиши идона доир гардид.
Пас аз гузоштани гулчамбар раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оид ба гиромидошти зан-модар ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон суханронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки боиси хушнудист, ки зан – модари тоҷик ҳазорҳо фарзонафарзандонро офаридаву ба камол расонидааст, ки бо ҳастии худ дар пешрафти илму маърифат ва ҳаллу фасли мушкилоти натанҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳон саҳми босазо ва арзишманди худро гузоштааст.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш