10 марти соли 2023 дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоятро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода табрик гуфт. Дар номаи табрикотӣ тазаккур дода шуд, ки «нақши матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар пешрафти ҷомеа назаррас буда, аҳли қалам бо инъикоси комёбиҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ташаккули афкори солим саҳм мегузоранд.