Суғд. Нақшаи дарома­дҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 107,5 фоиз таъмин гардид

Дар вилояти Суғд нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли 2023 ба андозаи 107,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2099,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 146,8 млн. сомонӣ зиёд аст. 

Дар ин давра нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 497,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 510,1 млн. сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 102,6 фоизи нақша мебошад. 

Дар нимсолаи якуми соли 2023 ба буҷети маҳаллии вилоят 1393,7 млн. сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 64,4 млн. сомониро ташкил дод, ки баробари 104,8 фоизи нақша мебошад.

Бунёди 29 иншооти варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Дар  6 моҳи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 29 иншооти варзишӣ, аз ин 5 толори варзишӣ, 1 корти теннис ва 23 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон мавриди истифода қарор дода шуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2863 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 1982 майдончаи варзишӣ, 625 толори варзишӣ, 39 ҳавзи шиноварӣ ва 8 маҷмааи варзишӣ, 160 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.

Варзишгарони вилоят дар ин иншооти варзишӣ машқу тамрин намуда, дастаи мунтахаби вилоят дар ҳайати 1927 варзишгар, аз ҷумла 480 нафар бонувон, дар 52 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ба гирифтани 297 медали тилло, 360 медали нуқра ва 505 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. 

Ҳамоиши ҷумҳуриявии Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар Панҷакент

13 июл дар доираи ҳамоиши ҷумҳуриявии Корвони «Модарони ваҳдатсаро» як гурӯҳ занону бонувон бо ҷойҳои таърихии шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки корвони мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳкими сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат ба роҳ монда шудааст.

Ҳайати Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар шаҳри Панҷакент бо ёдгории таърихии Саразм шинос шуд.

Бояд гуфт, ки Саразм ҳамчун нодиртарин ёдгории тамаддуни бостонии Осиёи Миёна, маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар таърих ҷойгоҳи махсус дорад. Он ба аҳди энеолит ва асри биринҷии қадим пайванд мебошад. Аз мамнуъгоҳи Саразм беш аз 150 маҳсулоти оҳанӣ, монанди табар, гурз, теша, корд, сӯзан, ороишоти нуқрагиву тиллоӣ ва ғайра дарёфт шуда, яке аз бозёфтҳои нодири аз ҳафриёт пайдошуда ҷасади «Маликаи Саразм» мебошад.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш