Дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” навъҳои гуногуни ангур шинонида шуд

Ҷиҳати татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидояту роҳнамоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба хотири беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, роҳбарият ва ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ширкат варзида, дар майдони 5, 5 гектар навъҳои гуногуни ангур шинониданд.

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об машварати илмӣ-амалӣ доир шуд

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои обӣ ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Подшоҳии Нидерланд 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад, машварати илмӣ-амалии байналмилалӣ доир шуд.
Таъкид гардид, ки машварат дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда гардида, ҳалли проблемаи об дар дунё инсониятро аз мушкилоти рақами яки сайёра наҷот медиҳад. Дар машварати мазкур ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли проблемаи ҷаҳонии об таърихӣ  арзёбӣ гардид.

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ доир мегардад

22 марти соли 2023 бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи ташкили чорабиниҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, афзун намудани сафи дӯстдорони табиат ва рушди соҳаи асппарварӣ ҳамасола ташкил ва баргузор гардидани бозиҳои миллии пойга ва бузкашӣ ба ҳукми анъана даромада, имсол 25-умин мусобиқа доир гардида истодааст. 

Бояд гуфт, ки мусобиқаҳои пойга ва бузкашӣ ҳамчун суннатҳои деринаи наврўзӣ барои густариш ёфтани варзиш дар байни мардум, хосатан ҷавонон мусоидат карда, аз ҷониби дигар барои боз ҳам қавитар намудани муносибатҳои дўстиву ҳамгироӣ мусоидат менамояд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш