Вохӯрии ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Мастчоҳ

22 августи соли равон дар маҷлисгоҳи иақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳифзи дастовардҳои истиқлол дар раванди ҷаҳонишавӣ”доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам,  собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина,  сардори раёсати таҳлил, иттилоот ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Зубайдулло, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовини аввали Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

Дар Панҷакент дуюмин ниммарафони кушоди кӯҳӣ баргузор мешавад

3 сентябр дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент дуюмин ниммарафони кушоди кӯҳӣ баргузор мешавад.

Чорабинии варзишӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҷавонон ва варзиши  вилояти Суғд, Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии “Сайри Бӯстон” доир хоҳад шуд.

Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метр муқаррар шуда, дар он иштироки  варзишгарон  аз ҳама манотиқи мамлакат ва  кишварҳои хориҷа пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин барои қадршиносии ғолибон мукофотҳои пулӣ дода мешавад.

Мумфаршкунии роҳи байни деҳаҳо дар Истаравшан

Ба истиқболи 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,2 км роҳи деҳаи Вогати шаҳри Истаравшан мумфарш карда хоҳад шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд.

Роҳи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва сокинони шаҳраки Курушкада ва деҳаи Вогат 2,2 км роҳи деҳа пурра мумфарш, қубуру новаҳои нави обгузар ва симчубҳои чароғонкунӣ насб карда мешавад.

Фармоишгари корҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр буда, пудратчӣ ҶДММ “Роҳи ваҳдат” интихоб шудааст.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш