Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

24 июли соли равон, соати 17:30 дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқиша рух дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қатораи мошинҳои сокинони Ҷамоати деҳоти Ворух иборат аз 8 адад барои гузаронидани тӯйи арӯсу домодии фарзандонашон ба самти шаҳри Исфара ҳаракат дошт. Дар наздикии даромадгоҳи деҳаи «Оқсой» қатори мошинҳо аз тарафи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, сокини Ҷамоати деҳоти Оқсойи кишвари ҳамсоя, ки дар ҳолати мастӣ мошини тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 134 ACJ 03 KG — ро идора мекард, бо баҳонаи он ки гӯё яке аз мошинҳои тӯёна барои ҳаракати ӯ монеа эҷод кардааст, роҳи ҳаракати мошинҳоро мебандад. Сипас аз мошин берун шуда, мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро мавриди сангборон қарор медиҳад. Дар натиҷа қисмҳои гуногуни 3 мошин мешикананд ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон зарари сабуки ҷисмонӣ мебардоранд.

Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд баргузор мегардад

25 июл иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор ва дар он масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

-дар бораи эътироф намудани ваколати в1акилии вакили интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии «Унҷӣ», №65;

-дар бораи рафти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»;

ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон;

Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 аз 26 июл то 15 август нишастҳои матбуотӣ гузаронида мешавад.

Нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, донишгоҳҳои олӣ доир гардида, роҳбарон перомуни фаъолияти ниҳодҳо дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳисобот медиҳанд.

Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо дар суроғаи зерин қобили дарёфт аст:

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш