Шаҳри Хуҷанд ғолиби даври вилоятии озмуни “Дастархонороӣ” шуд

26 июл дар тӯйхонаи “Мирзоҳабиб” –и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид.

Миллати тамаддунсози тоҷик яке аз қадимтарин сокинони Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, на танҳо дар бахши омодасозии таомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати хоса доранд. Анъанаи дастархонороии тоҷикон бо санъати миллии хоса аз лиҳози усули оростани хон ва истифодаи анъанаҳои миллӣ дар ҷаҳон беназиранд.

Баргузории озмуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 2023, таҳти рақами АП - № 318 ва қарори Раиси вилоят аз 19 июни соли 2023 таҳти рақами 195 ва эҳё намудани таомҳои миллӣ, фарҳанги рӯзгордорӣ, бо сифати баланд ва харҷи кам оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо мебошад.

Ифтитоҳи гулгашти замонавӣ дар шаҳри Гулистон

26 июл дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Гулистон гулгашти замонавӣ ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи гулгашти замонавӣ муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок намуда бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти гулгашт ифтитоҳ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки гулгашти замонавӣ барои фароҳам овардани фароғату истироҳати сокинон бунёд карда шуда, ҳамзамон дар дохили он майдончаи бозии кӯдакона сохта шудааст.

Ташаббусу иқдомоти созандаи мардуми Чоркуҳ

Дар пайравӣ аз амалҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми созандаю ободкори шаҳру  деҳоти Исфара ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ  камари ҳиммат бастаанд.

Дар ин раванд сокинони Ҷамоати деҳоти  Чоркуҳ низ  ба пешвози ҷашни таърихӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзанда гузошта,  бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷалби соҳибкорон барои ободонии маҳал ҷаҳду талош карда истодаанд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш