14 августи соли ҷорӣ дар "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон"-и вилояти Суғд даври сеюми (вилоятӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи шаш номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб" муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода, ҳайати комиссия озмун ва ғолибони даври дуюм иштирок намуданд.



2 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Шурои XV Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё баргузор гардид, ки дар он Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё пазируфта шуд. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд Муъмин Шарифзода зимни баргузории нишасти матбуотӣ баён намуд.
Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи сохтмончиён чорабинӣ доир гардид.
