Дар толори Комиссариати ҳарбии вилоят бо иштироки раисони комиссияҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва роҳбарияти комиссариатҳои ҳарбӣ ҷаласаи ғайринавбатии Комиссияи даъвати вилоят таҳти сарварии раиси комиссия, муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Оиди даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» дар якҷоягӣ бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти худро мунтазам ба роҳ мондааст.



Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар Суғд даври вилоятии ин озмун гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори моли майда 1 миллиону 177 ҳазор сарро ташкил дода, алҳол дар рамаҳои мешу бузҳои модарии хоҷагиҳои кишоварзӣ маъракаи наслгирӣ идома дорад.
