Дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара нуқтаи эҳё ва ҷарроҳӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Тайибиддин Муҳамедов иттилоъ дод.
Ба таъкиди сардухтур Т. Муҳамедов бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои ахир соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Исфара ба таври назаррас рушд ёфта, пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои соҳа пайваста мустаҳкам гардида, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар гардида истодааст.
То кунун мавҷуд набудани ҳуҷраи ҷарроҳӣ яке аз масъалаҳои муҳими аҳолии ин ҷамоат ба шумор мерафт, ки онҳо барои анҷом додани ҷарроҳӣ ба маркази шаҳр мерафтанд. Аз ин рӯ, ифтитоҳи нуқтаи нави ҷарроҳӣ ва эҳё барои сокинони ин деҳот тӯҳфаи арзанда дар арафаи 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад.



Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
