ЭЪЛОН! Дар вилояти Суғд Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад

Санаи 18 май, соати 07:00 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои варзишии "Дави миллӣ" ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад.

Дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд, ин чорабинии варзишӣ аз назди КВД “Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” оғоз ёфта, дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев, ба анҷом мерасад.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли чорабинии варзишӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа- таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Дар Хуҷанд маҷмааи нави варзишӣ ба истифода дода шуд

Дар доираи нақша-чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Хуҷанд байни хонаҳои баландошёнаи маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов маҷмааи нави варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маҷмааи варзишии навбунёд бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, муассиси ширкати сохтмонии “Тоҷ-сохтмон”, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Набиҷон Абдураззоқов тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ сохта шуда, дарозӣ ва паҳноии  майдончаи футбол 20Х12 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар майдонча барои фароғати кӯдакон бо насби дастгоҳҳои бозиҳои гуногун шароит фароҳам оварда шудааст.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд

Масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи давлатии «Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд» варзишгаронеро, ки аз мусобиқоти байналмилалӣ бо медал баргаштанд, истиқбол намуданд.

Варзишгарони фаъол ва бомаҳорати вилоят, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё дар риштаи дастхобонӣ (армрестлинг) дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон намояндагӣ карданд, бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ин мусобиқа сафарбар гардида, бо натиҷаҳои назаррас баргаштанд. Аз ин чемпионат варзишгарони вилоят 1 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ ба даст оварда, номи кишварро дар арсаи варзиши байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш