12 апрел ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир карда шуд.
Зимни мулоқот вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар байни ҷавонон сухан гуфта шуд.



Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Медикоммуникатсияи маҷозӣ ва реклама: технологияҳои нав ва методологияи таҳқиқ” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсисёбии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума баргузор гардид.
11 апрели соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ, полковники милитсия Муҳаррамзода Фаррух Неъмат бо фаъолони шаҳр ва намояндагони қишрҳои ҷомеа мулоқот анҷом доданд.
