«Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!»- таҳти чунин унвон дирӯз, 26 апрел бо иштироки 100 ҷавони фаъоли минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштиҷи вилояти Суғд меҳмонӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
26 апрел роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ пеш аз оғози сафар бо ҷавонони минтақаҳои гуногуни мамлакат вохӯрӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷавонон ба таври ҳамешагӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бояд дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо рафтору гуфтор, донишу малака ва фаъолияти назаррас намуна бошанд. Ҳифзи хоки поки Ватан, сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи марзу бум аз вазифаҳои ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии онҳо ба ҳисоб меравад.



Субҳи 26 апрели соли равон 2 аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври ғайриқонунӣ убур намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ омода кардани иншооти истироҳатию солимгардонӣ ва ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсими тобистон Ситоди вилоятии «Тобистон-2023» таъсис дода шуд.
