Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Коррупсия зуҳуроти номатлуб: сабабҳо ва роҳҳои пешгирии он» мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Назира Ғаффорӣ, муовини раиси комиссияи чамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз ёфта, қайд карда шуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.
Сипас, аъзои комиссияи чамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят Темур Тӯйчизода, декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Тоҷибоев дар бораи коррупсия ва оқибатҳои ногувори он дар ҷомеа суханронӣ намуданд.



Шукӯҳу тантанаи гирду атрофи Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд беҳудуд буд. Дар маросими савгандёдкунии наваскароне, ки дар даъвати баҳорӣ ба хизмати Модар – Ватан ихтиёрӣ номнавис шудаанд, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, комиссари ҳарбии вилоят Мирзозода Давлатшоҳ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода роҳбарият ва афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва падару модарон иштирок ва шоҳиди савгандёдкунии наваскарон шуданд. Чорабинӣ дар фазои меҳру муҳаббати ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ҷараён гирифта, наваскарон матни савганди ҳарбиро бо ифтихори баланд қироат намуданд.
25 майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Захираҳои обӣ дар ҷаҳони муосир: муаммо ва истифодаи самаранок» доир шуд. Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» ва эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид.
