Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин дар Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат» тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, ҳар қитъа замин самаранок истифода бурда мешавад.
Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Боғи миллии «Ваҳдат» мушоҳида гардид, ки барои истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ҳосили фаровон, истифодаи роҳу воситаҳои нави боғу токпарварӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои бештар чораҷӯӣ карда мешавад. Дар Боғи миллии «Ваҳдат» майдони боғҳои анъанавии ҳосилдеҳ қариб 354 гектар буда, дар он дарахтони зардолу, шафтолу, олу, гелос, себ, бодому чормағз ва анор парвариш карда мешавад.



29 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими гусели беш аз 150 нафар хатмкунандагони донишгоҳ, ки бо амри дил ва хоҳиши худ ҷиҳати адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навишта буданд, баргузор гардид.
27 апрел дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон таҳти унвони "Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ" ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонони кишвар баргузор гардид.
