6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.
Дар дар маҳаллаи “Темурмалик”-и шаҳр роҳбари вилоят бо раванди сохтмони коргоҳи коркарди гўшти мурғ ва истеҳсоли ҳасиби ҶДММ ”Насиби ширин” шиносоӣ пайдо намуд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Салимҷон Ҷўраев бунёд гардида, он асосан ба коркард ва басту банди гўшти мурғ ва дар ояндаи наздик ба истеҳсоли ҳасиб машғул хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ бомаром идома ёфта, таҷҳизоти коргоҳ, ки истеҳсоли кишварҳои Чин ва Туркия мебошад, то охири соли 2023 ворид карда мешаванд. Ҳаҷми аввалияи сармоягузории ин тарҳ беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.



Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора рӯзи 4 апрел қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
3 апрел дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон маъракаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
