4 сентябр дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ба муносибати Рӯзи китоб ҷамъомад доир гардид.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои дастгирии ҳамешагии аҳли илму маърифат, нашри осори гаронбаҳои олимону донишмандон, ҷалби бештари ҷомеа ба китобхонӣ ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати маърифати аҳолӣ таваҷҷуҳ равона гардида истодааст.



4 сенябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумй маҳфили илмй -адабӣ таҳти унвони "Аниси кунҷи танҳои китоб аст" бахшида ба Рузи китоб баргузор гардид.
Ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи авиатсия низ иди касбии худро таҷлил менамоянд. Тавре аз таърих маълум аст, 3 сентябри соли 1924 тайёраи тамғаи Ю-13 нахустин бор аз Бухоро ба Душанбе сафар мекунад ва ин сана чун Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.
