Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол муайян шудаанд

Рӯзҳои 27 -  31-уми октябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни наврасони соли таваллудашон 2006-2007  баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз дастаҳои Суғд-1 ва 2, ВМКБ - 1, Душанбе - 1 ва 2, вилояти Хатлон - 1, дастаи ШНТҶ иштирок ва байни ҳам барои ғолибият рақобат намуданд.

Дар натиҷаи ҷамъбасти мусобиқа ҷои аввал насиби дастаи Суғд-1, ҷои дуюм насиби дастаи ВМКБ ва ҷои сеюм насиби дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  гардид. 

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона доир мешавад

Рӯзҳои 3 ва 4 ноябр бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона баргузор мегардад.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Куҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Панҷакент, Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Шаҳристон чорабиниҳои идона доир гардида, бошандагони мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар чорабиниҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок карда, сарпарастон ба бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ кӯмакҳои идонаи худро мерасонанд.

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон

28 октябр дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншооти варзишӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Самад Баротов дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар давоми чанд соли охир дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ чандин майдончаҳо ва толори варзишӣ барои рушди намудҳои гуногуни варзиш таъмиру азнавсозӣ ва сохта ба истифода дода шудааст.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш