1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мешавад

1 июни соли равон дар вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ташкили чорабиниҳои идона дар муассисаҳои иҷтимоии бачагонаи шаҳру ноҳияҳо, озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи «Ҳуқуқҳои худро меомӯзем» байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, озмунҳои «Китобхони беҳтарин», «Ихтироъкори беҳтарин», «Тоҷикистон Ватани офтобӣ», аёдати кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд, барномаи идона таҳти унвони «Кӯдакон дунёи рангини мо» ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.

Наздик 200 нафар хатмкунандагони Донишкадаи политехникӣ ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд

Имрӯз дар вазъияти тантанавӣ бо баргузор намудани чорабинии пуршукуҳ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими гусели наздик 200 нафар хатмкунандагони ин муассисаи олӣ ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Даврон Зоҳидзода, муовини Раиси вилояти Суғд, Рустам Мирзомуродзода, муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд, Давлатшоҳ Мирзозода, комиссари ҳарбии вилояти Суғд, Дилафрӯз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Моҳи июн Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад

Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ моҳи июни соли равон Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад.

Фестивал дар ду давр доир шуда, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ сурат мегирад ва даври дуюм дар маркази вилоят доир хоҳад шуд. Дар фестивал ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, марказҳои омӯзишӣ, рассомону тарроҳон, дӯзандагони алоҳида метавонанд иштирок намоянд.

Ба барандаи Шоҳҷоизаи  Фестивали вилоятии «Атласу адрас» 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва ба ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин либоси кӯдакона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона», «Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ» мутаносибан 4000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 2500 сомонӣ ҷоиза дода мешавад.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш