Дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои мардумии ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 02 майи соли 2023, №144 «Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали вилоятии «Атласу адрас», ҳамчунин тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо баргузор карда шуд.
Нахуст муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода суханронӣ намуда, зикр дошт, ки атласу адрасбофӣ аз ҳунарҳои маъмулии тоҷикон маҳсуб ёфта, то ба имрўз маъруфияти зиёд дорад. Ин матоъҳо, ки хусусияти миллӣ ва фарҳангии мо-тоҷиконро таҷассумгар аст, дар муди ҷаҳонӣ, дар арсаи олам васеъ истифода мегардад.



Аз 1 июн то 30 ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор-2023» гузаронида мешавад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионии Сарраёсати молия дар вилояти Суғд барои соли 2023 ва ҷиҳати таъмини Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар мавзўи “Коррупсия ва роҳҳои пешгирии он дар замони муосир” семинар - машварат баргузор гардид.
