Дар амфитеатри Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Муғ"-и шаҳри Истаравшан 19 майи соли 2023 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии мутантани идона баргузор гардид.
Дар оғози чорабинии бошукӯҳи идона раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷавонони хушбахти даврони Истиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ҷавонон нерӯи созанда ва қишри асосии пешбарандаи ҷомеаи имрузаи мо ба ҳисоб рафта, пойдории давлат ва рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз фаъолияти меҳандустию ватанпарастии ҷавонон вобастагӣ дорад.



Дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир ва пайомадҳои он мулоқот баргузор гардид.
Бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 104 нафар (29 оила), ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошад, тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
