
22 сентябр дар пояи ҳайкали Маликушшуаро воқеъ дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи Рӯдакӣ бо иштироки аҳли илму адаб таҷлил карда шуд.
Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “санаи фархундаи Рўзи Рўдакӣ дар кишвари азизи мо ҳамасола 22 сентябр таҷлил гардида, таваҷҷуҳ ва арҷгузории давлату Ҳукумати кишварро ба хизматҳои бесобиқаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик устод Рўдакӣ, кору пайкори абармардони илму адаб, осори гаронбаҳои онҳо, таъриху фарҳанги оламшумул ва арзишҳои миллию таърихии халқамон ифода менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Устод Рӯдакӣ нахустин шоири дарҳақиқат миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои содаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба маснади шоҳӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти тоҷику форсро бунёд гузошт”.



Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 3600 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, кишоварзон барои ба даст овардани ҳосили зиёд ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми босазо мегузоранд.
21 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо рафти ҷамъоварии пахта ва фаъолияти корхонаҳои коркади пахта шинос гардид.
