
Қабули мавод ба озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда - 2023» идома дорад.
Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хома созанда – 2023» (минбаъд Озмун) аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят гузаронида шуда, дар он рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Суғд, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, новобаста аз шакли моликияташон иштирок карда метавонанд.
Соли ҷорӣ озмун аз рӯи номинатсияҳои «Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи саноат», « Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ» гузаронида мешавад. Дар озмун журналистон метавонанд силсилаи гузориш ва барномаҳои телевизионӣ, силсилаи гузориш ва барномаҳои радиоӣ, маводи чопӣ ва интернетӣ, инчунин лавҳаи телевизионӣ ва интернетроликҳои омодакардаи худро пешниҳод намоянд.



Бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади пешгирии ифшои сирри давлатӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма бо иштироки масъулини дахлдор санаи 12 октябри соли 2023, дар шаҳри Хуҷанд семинар – машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Пешгирии ҳолатҳои ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” доир карда шуд.

