Дар Донишкадаи кӯҳ­ию металлургии Тоҷик­истон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

21 октябр бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-20226) дар До­нишкадаи кӯҳию метал­лургии Тоҷикистон та­ҳти унвони «Коркарди металлургии самаран­ок, экологияи ва руш­ди устувор» конферен­сияи илмӣ-амалии ҷум­ҳуриявӣ баргузор гар­дид.

Дар конференсия рект­ори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба истифодаи самараноки коркарди металлҳо, истифодаи самараноки канданиҳои фоидано­к, истифодаи дурусти иқтисодиёти рақамӣ дар саноат, баланд бардоштани мафкураи молиявии донишҷӯён, сифатнок гардонидани корҳои озмоишгоҳӣ, баланд бардоштани дон­ишу малакаи донишҷӯён ва кормандони соҳаи саноат, истифодаи дурусти формулаҳои иқтисодӣ, ба роҳ монд­ани машваратҳои илмӣ- амалӣ дар корхонаҳ­ои саноатӣ сухан гуф­т.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба саноа­тчиён имконияти зиёд фароҳам оварда шуда­аст, ки бояд аз он дуруст истифода бурда, дар рушди Ватан са­ҳм гузошт.

Намоишгоҳи маҳсулоти Ҳиндустон дар Хуҷанд

20 октябр дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи маҳсулоти Ҳиндустон оғоз ёфт, ки то 29 октябр идома хоҳад кард.

Намоишгоҳи мазкур дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шуда, дар маросими ифтитоҳи он омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳамадҷон Мухаммедҷонов, роҳбари ширкати «WC INTERNATIONAL» Одил Васим ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Тавре Муҳаммадҷон Мухаммедов иттилоъ дод, Намоишгоҳи маҳсулоти Ҳиндустон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати мамлакат ташкил гардида, ҳадаф аз роҳандозии иқдом таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон аст.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, матоъ ва ғайраҳо пешниҳод карда мешавад.

Ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дорад

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дошта, сокинони касбу кори гуногун ба кишоварзон ёрии амалии худро расонида истодаанд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагиҳои пахтакори ноҳия маълумот дода шуд.

20 октябр Раиси вилоят ба ноҳия омада, бо рафти ғунучини пахта аз наздик шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия то имрӯз наздик 6900 тонна пахта истеҳсол гардида, нақшаи солона 53,7 дарсад таъмин карда шудааст.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, саҳмдорону аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз муҳимияти пахта ва то ҳадди ниҳоӣ коркард шудани он ёдоварӣ намуда, дастур дод, ки аз ин рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода намоянд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш