Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

24 ноябри соли 2022 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчам ҳамоиши калони идона баргузор гардид.

Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Муовини Раиси вилояти Суғд​ ​Анвар Яъқубӣ сокинони вилоятро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бахусус аз номи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ба хотири арҷгузорӣ ба рамзи муқаддаси давлатӣ ва бузургдошти оину суннатҳои миллиамон таҷлил мегардад, табрик намуд.

Дар роҳпаймоии идона ба муносибати Рӯзи Парчам беш аз 15 000 нафар иштирок намуданд

24 ноябри соли 2022 дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоии идона баргузор гардид.

Дар раҳпаймоӣ, ки дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев сурат гириф, беш аз 15 000 нафар сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла варзишгарон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна, омӯзгорону аҳли зиё, кормандони соҳаҳои тандурустиву фарҳанг, занону ҷавонони фаъол иштирок намуда, эҳтироми Парчамро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд. Зеро, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлоламон, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад.​

24 ноябр дар шаҳру ноҳияҳо Рӯзи Парчам таҷлил мешавад

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 24 ноябр таҷлил мешавад, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона гузаронида мешавад.

Чорабинии вилоятӣ рӯзи 24 ноябр дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардида, дар назар аст, ки дар он теъдоди зиёди сокинон иштирок намоянд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш