Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» оғоз бахшиданд

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дуобаи шарқии ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» оғоз бахшиданд.

Маросими ба кор андохтани корхонаи мазкур ба таври маҷозӣ баргузор шуд.

Фаъолияти нимсолаи соҳаи маориф ҷамъбаст ва вазифаҳо муайян гардид

3 июли соли 2023 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид.

Дар он Асомиддинзода Шарофиддин - намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаҳонгир Салимзода - сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Набизода Мадина Раҳмат - сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо иштирок намуданд.

Саҳми сокинон дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар Панҷакент

Соҳибкорон ва сокинони деҳаи Пуштакӯҳи Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёд ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ тасмим гирифтанд, дар назди МТМУ № 94 синфхонаҳои нав бунёд карда, норасоии ҷойи нишастро бартараф намоянд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, бинои нав аз ҳашт синфхона иборат буда, ҳоло он ҷо корҳои сохтмонӣ идома дорад ва то оғози соли нави таҳсил ба анҷом мерасад.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш