
1 ноябри соли 2023 дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни бонувон баргузор шуд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинии варзишӣ ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Давлатов, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов иштирок ва баромад намуданд.
Зикр шуд, ки мусобиқаи мазкур ба муносибати Рӯзи Конститутсия дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябр оғоз шуда, то 5 ноябр идома меёбад.




Рӯзҳои 27 - 31-уми октябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни наврасони соли таваллудашон 2006-2007 баргузор гардид.
