Кишоварзони вилояти Суғд бо меҳнати фидокорона ва талошу заҳмати аҳлона нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.
10 декабр сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи пахтакорони вилоят "Муждаи зафар"-ро расонида, хабар дод, ки 9 декабр нақшаи истеҳсоли пахта 100,1 фоиз иҷро гардид.
Кишоварзони вилоят соли равон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоҳати кишти пахтаро ба 57159 гектар расонида, уҳдадор шуда буданд, ки 133 800 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ намоянд.
Дар Хуҷанд таҳти унвони «Нақш ва мақоми ҲХДТ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум» ҳамоиш доир шуд
Дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Нақш ва мақоми ҲХДТ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум» бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии ҲХДТ ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Зуфар Исмоилзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар вилояти Суғд, Даврон Зоҳидзода, муовини Раиси вилояти Суғд ва Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳифзи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ вазифаи муҳими шаҳрвандист
Вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар аз мавзӯҳое буданд, ки дар мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода бо донишҷӯёни фаъол ва роҳбарони гурӯҳҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғози вохӯрӣ роҳбари донишгоҳ қайд кард, ки фазои орому осудаи Ватан, пойдории суботи комил, амнияту осоиши мамлакат ва фазои мусоиди кору зиндагӣ дар кишвари мо нишони ҳамбастагии мардуми сарбаланди тоҷик буда, вазъияти печидаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар сокини мамлакат дар ҳифзи якпорчагӣ, истиқлолу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз ҳар вақти дигар бештар масъул бошанд ва дар ҳифзу ҳимояаш кӯшиш намоянд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Нигоҳи иҷмолӣ ба мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо
- Иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ омодагиҳо ба фасли сармо мавриди баррасӣ қарор гирифт
- Дар мавзӯи “Системаҳои иттилоотии амалӣ: масъалаҳои моделиронӣ, коркард ва истифодаи он дар мамлакатҳои тараққикардаистода” конференсия доир гардид