Дар Хуҷанд таҳти унвони “Саҳми Пешвои миллат дар рушди ҷомеаи навини Тоҷикистон” конфронс баргузор гардид

Дар толори Кохи “Суғдиён бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми Пешвои миллат дар рушди ҷомеаи навини Тоҷикистон” бо иштироки аҳли илму фарҳанг ва маорифу тиб конфрнси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода конфронсро оғоз бахшида, афзуд, ки дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлоламон санаҳое мавҷуданд, ки дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт гардида, ҳар яки онҳо боиси оғози марҳилаҳои муҳим ва сарнавиштсози кишварамон гардидаанд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам, яке аз ҷашнҳои муҳими  таърихӣ маҳсуб ёфта, ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшид ва барои татбиқи раванди давлатсозии миллӣ заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Ба шарофати он миллати сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарӣ ва талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор ниҳода, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати рӯ ба инкишоф муаррифӣ шуд.

Дар Исфара дар мавзӯи "Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол" конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

9-уми ноябри соли 2022 дар толори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Исфара дар мавзуи “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки олимону донишмандон, намояндагони мақомоту идораҳоро ба ҳам овард.

Дар конференсия меҳмонон - узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Карима Ҳакимова, муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина Абдуяқинзода, ходимони давлатию сиёсӣ, иштирокчиёни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова ва Мирзошариф Исломиддинов, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Баҳром Юсуфов ва дигарон иштирок намуданд.

Дар таътили тирамоҳӣ озмуни "Фарзонахонӣ" доир шуд

Дар давраи таътили тирамоҳӣ тибқи нишондоди Раёсати маорифи вилояти Суғд ва  нақшаи кории Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо мақсади ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аъзоёни маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эҷодкорӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстона, ҷалб намудани онҳо ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва тарғиби ашъори ноби шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Фарзона дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни “Фарзонахонӣ” баргузор карда шуд.

Дар даври вилоятии озмун 40 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии озмун аз рӯи 4 бахш: ҳифзи ғазал, донистани луғат, иншо ва саволу ҷавоб  аз рӯи ду категорияи синнусолӣ (аз 7 сола то 14 сола ва аз 15 то 18 сола) ширкат варзиданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш